28-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ карданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 10 ошёна иборат буда, дар 3 қабати аввали он бонк, дар 5 ошёна манзилҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи даҳум меҳмонхона ҷойгир карда шудааст. Дар таҳхона бошад, ҳуҷраи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникии бонк мавҷуд аст.
Дар маҷмуъ дар бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир барои кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Масоҳати умумии бино 6 748 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Намои берунии бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Данғара бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст. Атрофи иншоот бо сангҳои ороишӣ зебо гардонида шуда, гулу буттаҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст.
Дар назди бино иншооти ёрирасон, аз қабили обанбор, таваққуфгоҳи нақлиёт ва ҷой барои истироҳату фароғат мавҷуд мебошад.
Баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро барои мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба мизоҷон вазифадор карданд.