Имрӯз, 4 сентябр, дар  шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди харбуза доир гардид.

Иди харбуза ва намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор шуд.

«Ховар» хабар медиҳад, ки Иди харбузаро вазири кишоварзӣ Изатулло Сатторӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки тоҷикон харбузаро 5 ҳазор сол пеш парвариш мекарданд. Сипас намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ,   Донишгоҳи аграрӣ   аз намоишгоҳ дидан карданд.

Дар саҳни бозор кишоварзон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ анвои гуногуни харбуза, ғизои аз он омодагардида ва меваю сабзавот ба намоишу фурӯш гузоштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь