Дар ширкати Tcell иқдоми “Чипта ба Русия” давом дорад. То ба имруз аллакай 50 нафар соҳиби чиптаҳо ба шаҳрҳои гуногуни Русия гаштанд. Агар шумо мехоҳед дар қатори ғолибон бошед, пас бастаи “5 дақиқа ба Русия”-ро бо 6 сомонӣ харидорӣ намоед. Бастаро бо рамзҳои *880*1# метавон фаъол намуд.
Баъзе аз ғолибон тафсилоти бурдашонро нақл мекунанд, ки тасодуфан бурд намуданд, баъзеашон бошад бо ҳадафи бурд дар ин иқдом иштирок намуданд. Муҳиддин Олимов низ ҳадаф дошт то чипта бурд намояд, аз ин рӯ баъд аз харидории симкорт, бастаро фаъол намуд. Баъд аз маротибаи 6-ум ба у муяссар гардид, то соҳиби чипта шавад. Мухиддин нақшаи ба Маскав рафтанро дорад.
Ғолиби дигари иқдом Нигора Ҳасанова бурдашро чунин шарҳ дод: “Барои ин иқдоми ҷолиб, шахсан ба ширкати Тселл миннатдории худро баён менамоям! Чипта ба Русия бурд намудам. Зиёда аз 10 сол инҷониб симкорти ин ширкатро истифода мебарам ва имруз хеле хурсанд ҳастам. Ба тамоми дустону наздиконам ширкати Тселлро тавсия менамоям”.
Маҳинабону Кармишева дар рузи 44-уми иқдом низ соҳиби чипта гардид ва нияти ба Маскав, назди шавҳараш рафтанро дорад.
Чипта ба онҳо имкон медиҳад то шаҳрҳои бузурги Русия, аз ҷумла Маскав, СанктПетербург ва ғайраро тамошо кунанд, ба сафари корӣ равона гарданд ва ё харҷашонро ба хариди чипта камтар намоянд. Ғолибоне, ки майли ба Русия рафтанро надоранд, метавонад чиптаашонро ба наздонашон туҳфа намоянд.
Иқдом дар саросари Тоҷикистон идома дорад. Ғолибон дар Хуҷанду Бохтар, Хоруғу Истаравшан, Кулобу Турсунзода ва дигар манотиқ соҳиби чипта мешаванд. Иқдоми мазкур, то 8 апрели соли ҷорӣ давом хоҳад кард.