Аз ҷониби кормандони  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Хуросон давоми се моҳи соли ҷорӣ зимни гузаронидани санҷишҳо дар бозору мағозаҳо ва  нуқтаҳои фурӯш бештар аз  6 тоннаву 800 килограм маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлати истифодаашон гузашта аз  муомилот гирифта шуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5540,69 кг зиёд аст.

Директори маркази мазкур А.Маҳмадуллозода дар сӯҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дар ин давра 31 санҷиш гузаронида шуда, нисбати 10 вайронкунандаи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 1 ҳазору 472 сомонӣ ҷарима шуданд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ба 21 нафар барои ислоҳи камбудиҳояшон огоҳӣ дода шуд.

Манбаъ афзуд, ки зимни гузаронидани санҷишҳо 35,5 кг гӯшт, 20,19 кг маҳсулоти ширӣ, 20 кг маҳсулоти қаннодӣ, 130 кг маҳсулоти нонӣ, 179 кг маҳсулоти равғанӣ,  100 литр нӯшокии ташнагишикан,  6 ҳазору 100 кг намак  ва 225 кг дигар маҳсулоти пасифату мӯҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.

– Маблағи умумии ин маҳсулоти аз муомилот  гирифташуда зиёда аз  193 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, – илова кард А.Маҳмадуллозода ва гуфт, ки кормандони марказ кӯшиш мекунанд, баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳолати санитарии ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода карда, бехатарии ҳаёти солимии ҷомеаро таъмин кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь