Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт марди 33-сола ва писари панҷсолааш ҷон дода, ҳамсар ва як фарзанди дигараш дар бемористон бистарӣ шуданд.

Як манбаъ аз ноҳияи Хуросон ба “Фараж” хабар дод, ин ҳодиса рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ дар деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи мазкур рух додааст.

Гуфта шуд, дар ин ҳодиса бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт сокини 33-солаи ноҳияи Хуросон Шамсулло Маҳмадов ва писари панҷсолааш фавтидаанд.

Манбаъ илова кард, ки ҳоло ҳамсар ва як фарзанди дигари ин мард дар бемористон бистарӣ мебошанд. Табибон вазъи онҳоро вазнин арзёбӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки бо сард шудани ҳаво бештар сокинон барои гарм кардани хонаҳо аз ангишт истифода мебаранд ва онҳо бояд аз эҳтиёт кор бигиранд, зеро беэҳтиётӣ ба фоҷиа меанҷомад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь