Ташкилоту идораҳо ва аҳолии ноҳияи Хуросон дар назди шабакаҳои барқи ноҳия 9 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қарздоранд, ки ин қарз масъулони шабакаҳои барқро нигарон кардааст.

Абдурашид Бутаев, муҳосиби шабакаҳои барқи ноҳияи мазкур, гуфт, ки аз ин қарз 399 ҳазор сомониаш аз ташкилоту идораҳои буҷетӣ мебошад, ки онҳо дар пардохти маблағи барқ саҳлангорӣ мекунанд.

Манбаъ изҳори нигаронӣ кард, ки беморхонаи марказии ноҳия 271 ҳазор сомонӣ, КАТС 20 ҳазор, шӯъбаи маориф зиёда аз ҳазор сомонӣ, аҳолӣ 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 1 миллиону 149 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Ин шахси масъул бо изҳори таассуф гуфт, ки ҳатто мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз барқ 11 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Ӯ гуфт пардохти маблағ аз ҷониби ташкилоту идораҳои буҷетӣ дар сатҳи хуб қарор надорад.

Дар ҳамин ҳол, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон Файззода Ҷурабек  гуфт, омили қарздор шудани беморхона аз барқ ин аз ҳисоби буҷети ноҳия кам маблағ ҷудо кардан барои барқ аст. “Хароҷоти яксолаи барқи мо 100 ҳазор сомонӣ аст, аммо аз ҳисоби буҷети ноҳия ҳамагӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунанду халос. Аз ин ҳисоб ҳарсола 70 ҳазор сомонӣ қарз зиёд шудан мегирад. Барои ҳалли ин мушкилӣ ба ҳукумати ноҳия, раёсати молия ва дигар сохторҳо муроҷиат кардем ва ҷавоби онҳоро мунтазирем”, – мегӯяд сардухтур.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь