Дар доираи лоиҳаи “Мактабҳои 2030” даври ҷумҳуриявии форуми “Омӯзгори навовар” дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Бохтар Юлдошев Ҳусейн иштирок кард ва сазовори ҷойи якум гардид.
Дар Форуми мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Суғд, шарикони рушд, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон, довталабон аз муассисаҳои таълимии лоиҳавии вилояти Хатлон ва дигар масъулон иштирок карданд.
Дар Форум сардори раёсати маорифи Хатлон Абдулзода Зиёдулло сухан карда, дар хусуси сатҳи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва амалишавии лоиҳа дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ёдовар шуд.
Ғолибият насиби омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Бохтар Юлдошев Ҳусейн гардид.
Форуми “Омӯзгори навовар” дар доираи лоиҳаи “Мактабҳои 2030” дар асоси ҳамкории зичи Вазорати маориф ва илми кишвар бо шарикони рушд ба роҳ монда шуда, дар самти дастгирию ҳавасмандгардонии омӯзгорони навовару пешсаф ва муаррифии онҳо таъсири мусбат мерасонад.