Шаҳри таърихии тоҷикон – Хуҷанди бостонӣ шабу рӯз анбӯҳи меҳмонони хориҷиву дохилиро дар оғӯши худ ҷо мекунад. Шароитҳо барои сайёҳон дар кадом сатҳ аст, онҳо аз меҳмоннавозии тоҷикон чӣ таассурот мегиранд?

Аз соли 2017 сар карда, дар шаҳри Хуҷанд нуқтаи маълумотдиҳии сайёҳӣ ва маркази ҳунармандии ААТ «Зарафшон» фаъолият мекунад, ки соли 2019 зиёда аз 200 сайёҳ аз ин марказ фоида бурдааст.

Директори ассотсиатсия Ҷамшед Юсупов мегӯяд, ки самти фаъолияти онҳо рушд бахшидан ба раванди туризим дар асоси иштироки ҷомеа нигаронида шудааст, ки вазифаи он ҷалби аҳолии маҳал ба туризм ва гирифтани даромади иловагӣ аз ин ҳисоб дониста мешавад.

– Сайёҳон тариқи ройгон дар бораи ҷойҳои таърихӣ ва тамошобоби ҷумҳурӣ маълумоти пурра гирифта метавонанд, – иброз дошт Ҷамшед Юсупов. – Fз рӯйи харита ва дигар маводи сайёҳӣ имкони коркарди хати сайрро низ доранд.

– Ҷиҳати аз наздик ошно кунонидани сайёҳон бо табиати мардуми тоҷик дар ноҳияи Айнӣ «Хонаи ҳунарманд» ташкил кардем, ки масъулини он, то ин дам, 4 гурӯҳ сайёҳонро қабул кардаанд, онҳо дар ин хона давоми якчанд рӯз зиндагӣ мекунанд ва тарзи пухтани хӯрокҳои миллиро мебинанд, бо урфу одатҳои маҳаллӣ шинос мешаванд, маҳорати худро дар ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва гилембофӣ меозмоянд, –  зикр кард Ҷамшед Юсупов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь