Дирӯз дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои даври сеюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2019 дар гуруҳи “D” баргузор шуд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Тоҷикистон) ва “Олтин Асир” (Туркманистон) мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. “Хуҷанд”, ки аз се бозӣ 4 имтиёз ба даст оврадааст, ба пешсафи ҷадвал “Истиқлол” баробар шуд, аммо дастаи шаҳри Душанбе ду бозӣ гузаронидааст. “Хуҷанд” вохӯрии навбатиашро дар ин мусобиқа 15-уми май дар Ашқобод бо “Олти Асир” мегузаронад.
Бозии дигари даври сеюми Ҷоми КФО дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) имрӯз, 1-уми май, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 19:00.
Ҷ | Дастаҳо | В | П | М | Б | Т\т | И |
1 | «Истиқлол» (Тоҷикистон) | 2 | 1 | 1 | 0 | 4-1 | 4 |
2 | «Хуҷанд» (Тоҷикистон) | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-4 | 4 |
4 | «Олтин Асир» (Туркманистон) | 3 | 0 | 3 | 0 | 2-2 | 3 |
3 | «Дордой» (Қирғизистон) | 2 | 0 | 1 | 1 | 2-4 | 1 |
Блоки рекламавӣ