Соҳибкор Фазлиддин Ахмедов аз шаҳри Хуҷанд аст, ки  чанде пеш кабинаи безараргардониро ихтироъ карда буд. Ӯ имрӯз  дар суҳбат бо вебгоҳи  farazh.tj гуфт, ки феълан 4 адад кабинаи омодашударо ба бемористонҳои шаҳри Хуҷанд тақдим кардааст.

Ёдовар мешавем, ки тарзи кори кабинаи безараргардонӣ тавассути қувваи барқ буда, давоми 6 сония шахсро бо моеъи махсус, ки ба шакли бухор пошида мешавад,  безарар  мегардонад.

– Дар ҳамаи дармонгоҳҳо хонаи ивазкунии либоси  корӣ аст, ки дар он ҷо аввал ба таври дастӣ уфунатзудоӣ карда,  баъдан ба кор сар мекарданд. Акнун кабина кори 2 касро ба таври автоматӣ иҷро мекунад. Нақша дорем, то ҳамаи дармонгоҳҳоро пурра бо кабина таъмин кунем, – гуфт  ӯ.

Ин соҳибкор, то ҳол 10 кабинаро сохта ба истифода додаст, ки аз он 4 ададаш ба беморхонаҳо тӯҳфа шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь