Аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дар панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 28 муассисаи таълимӣ бунёд карда шудаст.

Муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сайфулло Лутфуллоев, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, мактабҳои сохташуда барои 320 то 600 хонанда дар як баст мебошанд. Ин муассисаҳои таълимиро бештар кишварҳои Чин, Русия ва Арабистон сохтаанд.

– Ҳоло сохтмони як мактаби замонавӣ аз ҷониби Ҷумҳурии халқии Чин дар шаҳри Бохтар барои 320 хонанда дар як баст идома дорад, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь