Соли таҳсили 2022-2023 аз Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” 150 донишҷӯ хориҷ карда шудаанд.
Директори коллеҷ Иброҳим Мӯсоев зимни субҳат ба “Фараж” гуфт, сабаби асосии хориҷ шудани донишҷӯён ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо мебошад.
Ба иттилои ӯ бештари донишҷӯёни хориҷшуда писарон ҳастанд, гоҳе духтарон низ хориҷ мешаванд, ки сабабаш ба шавҳар баромадани онҳо аст.
– Мо то ҳади имкон кушиш мекунем, ки донишҷӯён хориҷ нашаванд, – афзуд роҳбари коллеҷ.
Иброҳим Мӯсоев дар нишасти хабарии охири худ гуфта буд, ки аз ҳисоби хориҷ шудани 100 донишҷӯ коллеҷ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.
Блоки рекламавӣ