Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пеши роҳи тахриби хона музейи Айниро гирифтааст. Дар ин бора вебгоҳи шаҳрдорӣ хабар дод.

Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин президенти Академияи илмҳо ва қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ кардааст.

Вобаста ба ин масъала дастур дода шудааст, ки Хона-музейи Айнӣ дар ҷояш барҷо бошад ва нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад.

Ҳамчунин, ба сохторҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ  карда шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь