Оташи сӯхтори пас аз нисфирӯзии имрӯз ба вуқуъ омада дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, то ҳол хомӯш нашудааст. Ин дар ҳолест, ки таркиш наздик ба маҳалли аҳолинишин ва маркази ноҳия рух дода, он захмиҳоро дар пай овардааст.
Дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён мақомот аз ин оташсӯзии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ иттилоъ дода, гуфтаанд, ин нуқтаи сӯзишворӣ дар маркази ноҳия, дар рӯ ба рӯйи идораи Суди ноҳия қарор дошта, то ҳол дар натиҷаи ин сӯхтор 15 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки ҳолати 2-3 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад.
Дар ҷойи ҳодиса 6 мошини сӯхторнишони аз худи ноҳияи Қубодиен ва ноҳияҳои Шаҳритус, Дӯстӣ ва Носири Хусрав кор мекунанд, аммо муваффақ ба хомӯш кардани сӯхтор нашудаанд.
Рустам Қарахонов, масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Қубодиён, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест ва талош доранд, сӯхторро зудтар хомӯш кунанд.
Дар гузашта дар вилояти Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд.
Бар асари як чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштанд.
Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯяд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.