Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорус қонунеро қабул кард, ки тибқи он акнун мансабдорон ва низомиёне, ки ба ватан хиёнат кардаанд, ба эъдом маҳкум хоҳанд шуд.
Ба моддаи 356-и Кодекси ҷиноӣ «Хиёнат ба давлат» тағйирот ворид карда мешавад. Тибқи лоиҳаи нав, афроде, ки мансабҳои олии давлатӣ ва ҳамчунин мақоми корманди ҳарбӣ доранд, барои содир кардани хиёнат ба давлат метавонанд муҷозоти тахминӣ дар шакли ҷазои қатл гиранд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, ин қонун пеш аз ҳама ҳамчун ҷузъи пешгирӣ ва нишон додани муносибати давлат ба ин гуна ҷиноятҳо ворид шудааст.
Илова бар ин ба қонун як қатор тағйироту иловаҳо дохил карда мешаванд. Масалан, ҷарима барои хиёнат ба давлат, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон чанд маротиба зиёд карда мешавад. Агар қаблан додгоҳ метавонист аз муттаҳамон ба маблағи 500 воҳиди асосӣ ҷарима ситонад, ҳоло он ҳудуди 50 ҳазорро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, муҳлати боздошти эҳтимолии афроди гумонбар дар хиёнат ба давлат то 20 рӯз зиёд карда мешавад.