Дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят  Давлаталӣ Саид ба кишвари Эрон миёни доираиҳои соҳибкории вилоятҳои Хатлону Хуросони Разавии ин кишвар 15 шартномаи ҳамкорӣ ва миёни минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Хатлон ва корхонаву ширкатҳои Хуросони Разавӣ 9 созишнома оид ба бунёди корхонаҳои саноатӣ баста шуд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки рӯзи 17 майи соли ҷорӣ дар утоқи бозаргонии шаҳри Машҳад бо иштироки раисони вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Хуросони Разавии Эрон Яъқубалӣ Назарӣ бизнес-форуми доираҳои сармоягузориву тиҷоратии ду кишвар баргузор гардид.

Қайд гардид, ки раҳбарияти ҳар ду вилоят тамоми имконотро баҳри тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба кор мебаранд. Вилоят яке аз марказҳои рушдёфтаи кишоварзию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дорои имконоти фаррохи ҳамкориҳо мебошад.

Пас аз қисмати муаррифии зарфиятҳо, нимаи дуюми рӯзи 17 май мулоқотҳои инфиродии сармоягузорону соҳибкорони тоҷику эронӣ дар формати В2В сурат гирифт. Дар натиҷаи гуфтумонҳо миёни доираҳои соҳибкории Хатлону Хуросони Разавӣ 15 шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Дар баробари ин,  миёни Минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди вилояти Хатлон ва корхонаву ширкатҳои Хуросони Разавӣ 9 созишнома оид ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли таҷҳизоту мошинолот, доруворӣ, истеҳсоли дастгоҳҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ, истеҳсоли сутунпояҳои чароғи барқӣ ба маблағи умумии 41 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Намояндагони бахши хусусӣ ва марказҳои илмию саноатии вилояти Хуросони Разавӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳо, сохтмон, интиқоли борҳо, таҳвили фанновариҳои навин ва дар дигар бахшҳои мутақобилан судманд алоқамандии худро нишон доданд.

Қобили зикр аст, ки расо як сол пеш, 30 майи соли 2022, дар шаҳри Душанбе дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь