Дирӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Рӯзи театри тоҷик баргузор гашт.
Роҳбари театр Отахон Саидзода дар бораи дастовардҳо ёдовар шуда, аз музаффариятҳои ҳунармандони ин боргоҳ дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ тӯли соҳои охир ситоиш кард.
Гуфта шуд, ки ҳамасола 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз кардааст.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ба як қатор ҳунармандон ва собиқадорон сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Қисмати дигари чорабиниро ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов шаҳри Бохтар бо фишурдаи саҳнаҳои театрӣ гарм карданд.
Бояд гуфт, Театри мусиқии мазшакавии шаҳри Бохтар ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа саҳнаҳои театриро ройгон намоиш медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь