Раиси шаҳри Бохтар дар нишасти хабарии худ ваъда дода буд, ки як қисмати бинои муассисаи томактабии рақами 7-и шаҳри Бохтарро, ки солҳо боз таъмирталаб аст, пурра бозсозӣ карда, ба истифода медиҳад. Бо гузашти андак фурсате раиси шаҳр Муминзод Абдулмаҷид, ба ваъдаи худ вафо карда, ин қисмати кӯдакистонро пурра аз таъмири асосӣ бароварда ва ба истифода дод.
Аз МИҲД-и шаҳри Бохтар хабар доданд, ки шаҳрдор ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дорад.
– Ӯ ин қисмати таъмирталаби муассисаи мазкуро, ки барои чор гуруҳ мебошад, дар муҳлати кутоҳ пурра таъмири асосӣ карда, бо беҳтарин шароит ба истифода дод, – гуфтанд аз мақомот.
Бояд гуфт, ин дуюмин ваъдаи шаҳрдори Бохтар аст, ки дар муҳлати кутоҳ иҷро карда мешавад. Пештар раис як толори варзиширо, ки солҳо боз нотамом буд, низ ба истифода дод.