Русия ва Тоҷикистон солҳои зиёд дар соҳаи варзиш низ ҳамкорӣ карда, пайваста дар мусобиқаҳо ва чорабиниҳои муштарак ширкат меварзанд. Ҳарду кишвар бар онанд, ки варзиш бояд берун аз сиёсат ва ҳамчун як  фазои бетараф, ки дар он дастовардҳо, заҳмат, маҳорат ва истеъдоди варзишгарон дар мадди аввал гузошта мешаванд, вуҷуд дошта бошад. Аммо мухлисони тоҷикро хабари худдорӣ кардани тими миллии футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими миллии Русия дар ҳайрат гузошт. Сабаб дар чист?

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Строҷиддини Муҳриддин қайд кард, ки дар робитаҳои байни Тоҷикистону Русия ҳеч мушкиле дида намешавад ва муносибати шахсии сарварони ду кишвар дӯстона ва бародарона боқӣ мемонад. Дар ин росто, ҷонибҳо боварӣ доранд, ки дар оянда барои баргузории бозии футбол санаи мувофиқ пайдо хоҳанд кард.

Нақшаҳо дар футбол

Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳоди Иттиҳоди футболи Русияро дар бораи гузаронидани бозии дӯстона дар моҳи ноябри соли ҷорӣ рад кард. Фаридун Солиев, котиби матбуотии ФФТ тавзеҳ дод, ки Иттиҳоди футболи Русия номаи расмӣ бо пешниҳоди баргузор кардани бозӣ дар танаффуси моҳҳои сентябр, октябр ё ноябр барои дастаҳои миллӣ ирсол кардааст. Аммо дар ин санаҳо дастаи Тоҷикистон аллакай бозиҳои дигареро ба нақша гирифтааст: моҳи сентябр – мусобиқа дар Малайзия, моҳи октябр – Ҷоми шоҳ дар Таиланд ва моҳи ноябр – бозиҳои хонагӣ бо рақибони дигар. Ҳамин тариқ, дар нақшаҳо номувофиқӣ ба вуҷуд омад ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Иттиҳоди футболи Русияро дар бораи дар соли ҷорӣ имконнопазир будани баргузории ин бозӣ огоҳ кард.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми ноябр тими миллии Тоҷикистон бо тими Непал ва 19-уми ноябр бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона доир мекунад. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ин бозиҳо ба футболбозони тоҷик фоидае намеоранд, зеро сатҳи рақибон паст аст. Дар чунин вохӯриҳо футболбозони тими миллии Тоҷикистон таҷрибаи зарурӣ пайдо намекунанд, балки фақат омори худро пас аз шикастҳо беҳтар хоҳанд кард.

Дар навбати худ, баргузории бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳои варзишӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии дастаҳо таъсири мусбат мерасонад. Ҳатто агар вохӯрӣ бо тими Русия бо шикасти тими Тоҷикистон анҷом ёбад ҳам, бозингарони тоҷик имкони санҷидани қувва ва нишон додани маҳорати худ дар назди бошгоҳҳои Русияро пайдо мекунанд.

Русия ва Тоҷикистон барномаи байниҳукуматии ҳамкориҳои варзиширо барои солҳои 2023-2025 ба имзо расониданд. Дар доираи ин барнома омода кардани дастаҳои миллии варзишӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи варзиш, мубориза бо допинг, омода кардани кадрҳои илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзноманигори байналмилалӣ, коршиноси масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Неъматулло Мирсаидов мухлиси деринаи футбол мебошад ва боварӣ дорад, ки баргузории чунин бозии эҳтимолии дӯстона бисёр муҳим аст: “Ман мисли миллионҳо шаҳрвандони дигари Тоҷикистону Русия футболро самимона дӯст медорам. Футболи Русия ҳамеша барои мо намуна буд, зеро он назар ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар сатҳи баландтар қарор дорад. Мо аз тренерони рус таълим мегирифтем ва мегирем, бисёр бозингарони мо дар дастаҳои Русия, ба мисли “ЦСКА”, “Торпедо”, “Спартак”, “Рубин” бозӣ карда, ном баровардаанд. Дар таърихи футболи пасошӯравӣ то ҳол номҳои бозигарони барҷастаи мо, ки ба афсонаҳои футболи умумӣ ва рамзи робитаҳои мустаҳкам байни футболи тоҷику рус табдил ёфтаанд, садо медиҳанд. Бисёр намудҳои варзиш ба мо аз Иттифоқи Советӣ, ки имконияти аз Русия ва дар ин минтақа таълим гирифтанро фароҳам овард, омадаанд. Дар он солҳо майдонҳои варзишӣ ва варзишгарони бузург пайдо шуданд, ки аксари онҳо аз тренерони рус таълим гирифтаанд. Ҳамаи онҳо сарват ва қаҳрамонони мо мебошанд.

Бисёриҳо, бахусус насли калонсол, дастовардҳои варзишии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро то ҳол ҳамчун дастовардҳои умумӣ қабул мекунанд. Решаҳои варзишии мо бо Русия умумианд ва боварӣ дорам, ки идомаи ин ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш барои Тоҷикистон муҳим аст. Варзиш моро муттаҳид мекунад ва хамчун майдон (платформа) барои сулҳу ҳамкорӣ хизмат менамояд, яъне варзиш чизест, ки мо набояд аз даст диҳем. Мо бояд робитаҳои варзиширо бо Русия минбаъд низ густариш диҳем ва таҳким бахшем, зеро мубодилаи таҷриба, тренерон ва мусобиқаҳо моро боз ҳам қавӣ мегардонад ва ба варзишгарони мо барои фатҳи қуллаҳои нав кумак мерасонад. Варзиш – ин на танҳо медалу ғалабаҳо, ҳамзамон дӯстӣ ва эҳтироми якдигар аст”.

Дар Бозиҳои ояндаи соли 2024, ки дар Русия баргузор гардиданд, Тоҷикистонро 35 варзишгар намояндагӣ карда, дар мусобиқаҳо дар панҷ бахш ширкат варзиданд: барномасозии омехта, барномасозии варзишӣ ва риштаҳои киберварзишӣ. Иштирок дар ин мусобиқаҳо ба афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба технологияҳои иттилоотӣ ва киберварзиш дар байни ҷавонони Тоҷикистон мусоидат кард.

Аз ин рӯ, мухлисони футбол ҳанӯзам интизори ин бозӣ дар соли 2025 ҳастанд, зеро ҳарду ҷониб омодагии худро барои ҳамкорӣ дар оянда изҳор кардаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи тарафайн ва имкони баргузории ин бозӣ дар вақти муносибтар далолат мекунад.

Комёбиҳои варзишӣ

Дар соли 2024 ҳамкориҳои варзишии Русия ва Тоҷикистон фаъолона густариш ёфта, бахшҳо ва чорабиниҳои гуногунро фаро мегирад. Дар Бозиҳои БРИКС-2024, ки аз 12 то 24-уми июн дар шаҳрҳои Қазон ва Маскав баргузор гардиданд, мунтахаби Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 17 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 17-умро ишғол кард. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгарон муаррифӣ карда, сатҳи баланди омодагӣ ва майлу рағбат ба ғалабаро нишон доданд.

“Барои ҳар як футболбози тоҷик бозӣ кардан дар бошгоҳҳои Русия  ифтихор аст, зеро ин робитаҳо ба мо барои омӯхтан, инчунин, инкишоф ва такмил додани малакаҳои худ кумак мекунанд” – Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори байналмилалӣ, коршиноси масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.

Дар байни дастовардҳои варзишгарони тоҷик комёбиҳо дар гӯштини камарбандӣ – 2 медали нуқра ва 5 биринҷиро қайд кардан ҷоиз аст. Дар риштаи ҷудо варзишгарони Тоҷикистон ба хазинаи даста 1 медали нуқра ва 4 биринҷиро зам карданд. Варзишгарони тоҷик дар варзиши сабук ва бокс низ натиҷаҳои баланд нишон дода, ба ҳисоби умумидастаӣ медалҳои биринҷӣ зам карданд. Иштирок дар Бозиҳои БРИКС ба варзишгарони тоҷик имкон дод, ки на танҳо маҳорати худро дар арсаи байналмилалӣ нишон диҳанд, балки бо варзишгарони кишварҳои дигар табодули таҷриба кунанд ва ин ба рушди варзиш дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Моҳи майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи даври махсуси Озмун – ҷоизаи байналмилалӣ оид ба фарҳанг ва варзиши кӯчагӣ “КАРДО”-и платформаи президентии “Русия – сарзамини имкониятҳо” вохӯриҳо байни Раёсати “КАРДО” бо намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин, бо варзишгарон, роҳбарон ва ходимони фарҳанги кӯчагӣ барпо гардиданд.

Дар рафти ин вохӯриҳо масъалаи ҳамгироии даври миллии “КАРДО” ба тақвими расмии чорабиниҳои Тоҷикистон барои соли 2025 баррасӣ карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки варзишгарони тоҷик ва намояндагони фарҳанги кӯчагӣ дар мусобиқоти байналмилалии аз ҷониби Русия бо фонди ҷоизавӣ ба маблағи 5 миллион рубл ташкилшуда ширкат варзанд. Интизор меравад, ки баргузории даври миллии “КАРДО” дар Тоҷикистон ба рушди фарҳангу варзиши кӯчагӣ дар кишвар ва таҳкими равобити фарҳангӣ байни Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард. Ин чорабинӣ барои истеъдодҳои ҷавоне, ки мехоҳанд ном бароварда, дар рушди варзиш ва фарҳанги кӯчагӣ саҳм гузоранд, як майдони муҳим хоҳад гардид.

Ин чорабиниҳо аз рушди босуръати ҳамкориҳои варзишӣ байни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2024 шаҳодат дода, ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонони ҳарду кишвар нигаронида шудаанд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь