Дар шаҳри Бохтар сохтмони як толори варзишӣ солҳо боз нотамом монда буд. Шаҳрдори Бохтар дар аввалин нишасти матбуотӣ ваъда дода буд, ки дар кутоҳтарин муҳлат онро босозӣ карда, ба истифода медиҳад.
Аз Ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, ки бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва шаҳрдори Бохтар Муминзод Абдулмаҷид сохтмони толори варзише, ки 17 сол боз нотамом боқӣ монда буд, рӯзи 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Роҳбари давлат, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба истифода дода шуд.
Гуфта шуд, ки ин толор дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон» тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба маблағи умумии 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шуда, бо таҷҳизотҳои муосири машқу тамрин таъмин карда шудааст. Баъди ба истифода додани он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Масоҳати умумии маҷмааи мазкур 451 метри квадратӣ буда, аз қабулгоҳ, утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳоҷатхона, 3 утоқи кории роҳбарият иборат мебошад.
Корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷониби ширкати сохтмонии «Сомон сохтмон-иншоот» ба роҳ монда шудааст.