Аз вилояти Хатлон вуруди 2 ҳазору 139 нафар ба дигар кишварҳо манъ аст, ки аз онҳо 140 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ роҳбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Қирғизбек Зокирзода зикр кард.

Роҳбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Қирғизбек Зокирзода

Манбаъ афзуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Раёсат ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 7 ҳазору 316 нафар шифоҳӣ, 41 нафар хаттӣ ва 635 нафари дигар телефонӣ муроҷиат кардаанд.

“Дар натиҷаи санҷишҳо муайн карда шуд, ки воридшавии 2139 нафар аз он ҷумла 1999 мард ва 140 зан ба кишварҳои дигар муваққатан манъ мебошад”, – илова кард ӯ.

Гуфта шуд, ки  аз ҳисоби муҳоҷирони баргашта 1288 нафар, ки аз онҳо  71 нафарашон зан мебошанд, барои пайдо кардани ҷойи кор ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят муроҷиат кардаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз онҳо 188 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ, 219 нафар бо касбомӯзӣ, 47 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, 819 муҳоҷири баргашта ба машварати касибӣ фаро гирифта шуд ва 15 нафари дигар аз ҳисоби маблағҳои бе фоиз таъмин гардида ба соҳибкорӣ машғул шуданд.

Қирғизбек Зокирзода афзуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз вилояти Хатлон тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 85 ҳазору 65 сокинони вилоят  ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз онҳо 7 ҳазору 643 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки 62 ҳазору 531 нафарашон ҳамчун муҳоҷири корӣ мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь