Даспарварони Муассисаи давлатии “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”-и вилояти Хатлон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ 90 медал ба даст оварданд, ки аз он 28 ададаш тило мебошанд.

Директори Муассисаи давлатии “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”-и вилояти Хатлон  Рустам Давлатшоев ба “Фараж” иттилоъ дод, ки тули чор моҳи соли ҷорӣ варзишгарони мактаб дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, 28 медали тило, 25 медали нуқра ва 35 медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки дастпарварони ин муассиса аз руйи намуди муай-тай, ки рузҳои 4-5 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ  баргузор гашт, ширкат варзида, соҳиби соҳиби ду медали тило шуданд, ки ҷамъ 90 медалро варзишгарони ин мактаб аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиӣ соҳиб шуданд.

Ба иттилои ӯ, бори нахсуст дар вилояти Хатлон  роҳрави варзишӣ дар ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ташкил шуд, ки дар он беш аз 400 ҷавон ба машқу тамрин аз руйи намуди партоби найза, ҷаҳидан ба дарозӣ ва ҷаҳиши сегона ҷалб карда шуданд. Масъулони муассисаи мазкур нақша доранд, ки дар оянда чунин намуди варзишро дар шаҳри Бохтар низ роҳандозӣ кунанд.

Дар Муассисаи давлатии “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”-и вилояти Хатлон то имрӯз 23 мураббӣ аз руйи 10 намуди олипӣ, 1 намуди миллӣ ва 1 намуди ғайриолимпӣ дар 31 гуруҳ бо фарогирии 261 варзишгар машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь