Аз 20 то 27-уми майи соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чепионати Осиё байни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор гардид, ки дар он варзишгарони имконияташон маҳдуди вилояти Хатлон иштирок карда соҳиби шаш медал шуданд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода иттилоъ дод, ки дар ин тадбири варзишии сатҳи баланд намояндагони 10 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Муғулистон, Ҷопон, Филиппин, Покистон, Ҳиндустон иштирок доштанд.

Гуфта шуд, ки дар Чемпионат варзишгарони вилояти  Хатлон 6 медал, – 2 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Медалҳои тилои чемпионатро Баротов Зиёдулло, Аббосов Сайраҳмон, медалҳои нуқра ва биринҷиро Шокирова Зайнура, Маҳмадалиев Сорбон ва Каримов Умар ба даст оварданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь