Варзишгарони вилояти Хатлон дар соли сипаришуда аз чемпионат ва мусоқиқаҳои ҷумҳуриявӣ 3 ҳазору 583 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 333 адад зиёд мебошад.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода иттилоъ дод, ки давоми соли 2023-юм варзишгарони вилоят дар 148 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин дар 36 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 1167 медали тило, 1107 медали нуқра, 1309 медали биринҷӣ гардиданд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки соли гузашта  дар шаҳру  ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Фархор, Панҷ, Восеъ, Ҳамадонӣ,  Муъминобод ва Шаҳритус яктоӣ майдончаҳои варзишӣ бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва  Хуросон яктоӣ толорҳои варзишӣ  ва дар шаҳри Бохтар 1 ҳавзи шиноварӣ сохта ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии ҷавонон дар вилояти Хатлон 1053743 нафарро ташкил мекунад, ки аз ин теъдод 522658 нафарашон духтарон ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь