Варзишгарони вилояти Хатлон соли 2022-юм аз мусобиқаву чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 1101 медали тило, 959 медали нуқра, 1166 медали биринҷӣ, дар умум 3226 медал, ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 438 медал зиёд мебошад.

Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки варзишгарони вилоят соли 2022-юм дар беш аз 132 чемпионату мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида,  сазовори 1048 медали тило, 918 медали нуқра, 1096 медали биринҷӣ  гардиданд.

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, варзишгарони хатлонӣ дар 29 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 53 медали тилло, 41 медали нуқра ва 70 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 164 медал, ба даст оварданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь