Дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 2700 ҳолати бекор кардани ақди ниҳоки шаҳрвандон дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 423 адад зиёд мебошад.

Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, иттиллоъ дод, ки давоми нӯҳ моҳи соли равон 2784 бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар ҳоли афзоиш аст.

– Бештар гардидани шумораи  бекоршавии ақди никоҳ миёни сокинони вилоят яке аз мушкилҳои доғ ба ҳисоб меравад, зеро нисбат ба соли пешин пошхӯрии оилаҳо  423 адад афзоиш ёфтааст. Омилҳои асосии ҷудошавии онҳо дахолати нафарони сеюм ва гирифтани шаҳрвандии дигар кишвар аз ҷониби мардон мебошад. Аксарияти бонувон баъди ҷудошави барои таъмини рӯзгор ба муҳоҷират сафар мекунанд, ки ин ҳолат ба фарзандони онҳо, ки аз тарбияи волидон маҳрум мешаванд, зарбаи сахти равони мезанад, – гуфт Бунафша Раҳимзода.

Тибқи иттилои Азизода Баҳодурҷон Иброҳим, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Хатлон, давоми 10 моҳи соли равон 23585 зан ба муҳоҷирати  меҳнатӣ сафар кардаанд, ки аксарияти онҳо ақди никоҳи худро бекор кардаанд.

Равоншиносон ва мутахасисони ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак афзоишёбии ҷудошавии оилаҳоро барои кудакону наврасон манфӣ арзёбӣ намуда, ба он назаранд, ки ин ҳолат барои солиму некандеш ба воя расидани кудакон маҳдудият эҷод мекунад.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь