Маҳмадзода Ҷамшед, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, зимни  нишасти хабарӣ итилоъ дод, ки соли 2021 бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар вилояти Хатлон 150 нафар ва дар кӯлу дарёҳои вилоят 40 кас ҷон бохтанд.

Маҳмадзода Ҷамшед

Ба иттилои ӯ соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  295 садамаи нақлиётӣ рух додаст, ки дар натиҷа 150 нафар ба ҳалокат расида, 310  нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

– Шумораи садамаҳо ва фавтидагон нисбат ба соли соли 2020 зиёд шудаст, – афзуд ӯ.

Номбурда илова кард, ки дар соли 2021 дар натиҷаи риоя накардани қойдаҳои шиноварӣ ва бемаъсулиятии падару модарон, муноқишаҳои оилавӣ ва гирифтор будан ба касалиҳои  рӯҳӣ  40 нафар ғарқ шуданд.

– Шумораи ғарқшудагон дар соли 2021 нисбат ба соли 2020-ум 23 ҳолат зиёд аст, -қайд кард Маҳмадзода Ҷамшед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь