Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то ҳол 15 бунгоҳи саломатӣ дар хонаҳои шахсӣ, 15 адад дар мактабҳо, 1 адад дар вагон ва 4 маркази саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббии дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ин нуктаро имрӯз сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарипов дар нишасти хабарӣ иброз дошт.

Ба гуфти ӯ, мушкилии дигари соҳаи тандрустӣ ин норасоии кадри аст. Айни замон дар вилояти Хатлон 778 воҳиди корӣ, яъне 630 корманди тиб намерасад.

Номбурда афзуд, ки рафтани пизишкон ба муҳоҷирати корӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 50 дарсад коҳиш ёфта, дар ин давра 22 пизишке, ки ба муҳоҷиарти меҳнатӣ рафта буданд, дубора ба корашон баргаштаанд.

Шайдулло Шарипов дар идома иттилоъ дод, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 13 ҳолати фавти модарон ҳангоми зоймон ба қайд гирфита шудааст, ки ин нисбати  6 моҳи соли 2022-юм 1 нафар зиёд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь