Дар чор моҳи соли 2021-ум  23 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон қисми дармади буҷети вилоятро аз 100 то 122 дарсади таъмин карданд, аммо шаҳри Левакант ва ноҳияи Панҷ натавонистанд, ки дар ин давра аз иҷрои пурраи қисми даромади буҷет бароянд.

Аз Раёсати андози вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар ин давра қисми даромади буҷети вилояти Хатлон дар умум 103,9 дарсад таъмин гарида, ба буҷети вилоят 724 миллиону 754,2 ҳазор сомонӣ маблағ  ворид карда шудаст, ки ин нисбат ба нақша 27 миллиону 528,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Ёвон, Н.Хусрав, Кӯлоб, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик, Ховалинг,  Шоҳин, Балҷувон ва шаҳри Норак аз 100 то 122 дарсади қисми даромади буҷетро иҷро карданд.

– Шаҳри Левакант ва ноҳияи Панҷ дар ин давра натавонистанд, ки пурра қисми даромади буҷетро иҷро кунанд, – гуфтанд аз ниҳоди мазкур.

Танҳо дар моҳи апрели соли равон  қисми дармади буҷетро шаҳри Норак 67,2 дарсад, Ховалинг 85 дасад ва шаҳри Левакант 73,9 дарсад иҷро карданду дигар шаҳру ноҳияҳо пурра аз иҷрои нақшаи андоз баромаданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь