Дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ бо харҷи бештар аз 73 милллиону  472 ҳазор сомонӣ роҳҳои мошингард ва пулҳо  таъмир карда шуданд. 

Раиис вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки бо ин маблағҳо 68,5 километр роҳ таъмири асосӣ, 1 ҳазору 667 километр таъмири ҷорӣ, 267 километр сангфарш карда шуданд.

– Таъмиру навсозӣ дар 58 адад пул ва 26 адад қубур иҷро гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 54 миллиону 549 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, – илова кард раиси вилоят.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби соҳибкорон таъмири асосӣ 52,2 километр, таъмири ҷорӣ 4,6 киломтер, сангфаршкунӣ 227,9 километр, таъмириу барқарорсозии 34 пул ва 9 адад ҳамагӣ ба маблағи 59,3 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here