Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар деҳаҳои Гулобод ва Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои деҳаҳои мазкур дидан кард.

Ҳангоми шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи Гулобод 1,8 км масофаи роҳ мумфарш карда шуда, дар шафати он пояҳои равшаннамоию чароғонкунӣ насб гардидаанд.

Дар деҳаи Меҳнатобод бошад ба масофаи 3,4 км роҳ мумфарш карда шуда, дар шаффати он пиёдароҳ, ҷӯйборҳои обгузар таъмир ва пояҳои чароғонкунӣ насб гардидаанд.

Ҳаҷми маблағи корҳои сохтмонӣ 6 млн. 240 ҳазор сомониро дар бар гирифта дар вақти азнавсозии роҳ зиёда аз 70 нафар коргар ҷалб ва ба ҷойи кор таъмин гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь