Барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

-Бо маблағҳои ҷудошуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бештар аз 100 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ шуданд, -гуфт  Нусратулло Ҳақназаров, сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар.

Ӯ иттилоъ дод, ба чуз ин барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиёти 153 аломати роҳ насб карда шудаст.

Ба иттилои мавсуф барои таъмири роҳу пулҳо дар мувозинаи Муассисаи давлатии “Хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар” ва идораҳои зертобеъи он 113 адад техникаи роҳдорӣ мавҷуд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь