Дар вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ 758 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 212 ҳолат кам мебошад.  Аммо бастани ақди никоҳ нисбати  се моҳи соли 2022-юм 725 ҳолат зиёд шудааст.

Сардори Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвании Раёсати адлияи вилояти Хатлон Бунафша Раҳимзода, дар суҳбат бо “Фараж” гуфт, ки яке аз сабабҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ аз ҷониби шуъба ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомот аст.

Номбурда иттилоъ дод, ки дар се моҳи аввали соли 2022 дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон 758 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 212 ҳолат кам мебошад.

– Аз 758 ҳолати бекоркунии ақди никоҳ 569 ҳолат бо қарори суд, 180 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд ва 9 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор шуданд, – қайд кард Б.Раҳимзода.

Ба зикри манбаъ, агарчи дар 22 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ҷудошавии оилаҳо кам шуда бошад, аммо дар ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ ва Носири Хусрав  ҷудошавии оилаҳо аз 8 то 31 ҳолат зиёд шудааст.

Ба иттилои ӯ, баъди пошхӯрии ин оилаҳо 784 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шуданд ва аз ин 13 кӯдак дар тарбияи падар ва боқӣ 771 кӯдаки дигар зери парастории модарон мондаанд.

Мавсуф ҳамчунин илова кард, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 8 ҳазору 744  ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 725 ҳолат зиёд мебошад.

– Аз ин шумора 94 ҳолати бастани ақди никоҳ бо ҳалномаи суд сурат гирифтааст, ки бештари он дар ноҳияи Қубодиён-32 ҳолат ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ-14 ҳолатро ташкил медиҳад,-қайд кард Бунафша Раҳимзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь