Раёсати Хадамоти зиддинҳисории вилояти Хатлон омили боравии нархи картошкаро дар бозорҳои вилоят камчинии он ва гарон шудани нархи он дар хориҷи кишвар арзёбӣ кард.

Фирузи Маҳмасаид, иҷрокунандаи роҳбари ниҳоди мазкур, дар нишасти матбуотии ниҳодашон афзуд, ки  тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №451 ба сари ҳар аҳолии кишвар дар як сол 92 килограм  картошка пешбинӣ шудааст. Аммо ҳаҷми истеҳсоли дохиливу воридоти маҳсулоти картошка тибқи маълумоти оморӣ дар шаш моҳ зиёда аз 189 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ӯ илова кард, ки талаботи солонаи вилоят ба картошка 333 ҳазор тона аст, норасоии картошка 1 ҳазору 205 тонаро ташкил медиҳад. Омилҳои боло рафтани нархи картошка камчин будани ва гарон шудани нархи воридотии ин намуди маҳсулот  аст.

“Нархи як тонаи картошка, ки аз хориҷ ворид мешавад, 219 долаоро ташкил медиҳад. Арзиши аслии онро мавриди таҳлил қарор додем, муайян карда шуд, ки як килограм картошка  то ба бозорҳои вилояти Хатлон расидан  5,2 сомонӣ мешавад”, – афзуд номурда.

Ҳамчунин Зафар Насков,  сармутахасиси Раёсати иқтисоди Сараёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки имсол дар вилояти Хатлон ҳам дар бахши ҷамъиятӣ ва ҳам  хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 5 ҳазору 778 гектар замин кишти картошка гузаронида шудаст, ки ин рақам нисбати соли гузашта 39 гектар кам аст.

Ба гуфти ӯ, тибқи нақша бояд дар вилояти Хатлон имсол 122 ҳазору 513 тонна картошка ҷамоварӣ карда шавад. То якуми июни соли ҷорӣ 88 ҳазору 637 тоннаи он  ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 72 дарсади нақшаи пешбинишударо  ташкил медиҳад.

“Дар ноҳияҳои баландкуҳ – Ховалинг Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва дигар ноҳияҳо ҳоло ҷамоврии картошка шуруъ нашудаст”, – афзуд Зафар Насков.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь