Дар пайи як тағйироти кадрӣ аз ҷониби Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Балхӣ, Ҳамадонӣ ва Хуросонии вилояти Хатлон аз вазифа барканор шуданд.

Як манбаъ аз ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ хабар дод, ки бо пешниҳоди раиси ноҳия Мирзозода Нурулло ва дар мувофиқа бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидзода Раҳим Ҳамро дар асоси Фармоиши вазири маориф ва илм аз 03.06.2023 Тағаймуродзода Санифа ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Насимҷон Ғоибзодаро иваз кард.

Як манбаъ дигар  аз ноҳияи Хуросон  иттилоъ дод, ки  чанде пеш мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Почозода Нуриниссо бо хоҳиши худ аз вазифа рафт ва ба ҷойи ӯ то ҳол касе таъйин нагардидааст. Дар давраи фаъолияти собиқ мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Хуросон Почозода Нуриниссо дар ноҳия як мактаб пурра аз нав сохта шуда, се муассисаи дигар  аз ҳолати садамавӣ бароварда шуда ва наздики 40  синфхонаи иловагӣ бунёд шудаанд. Нуринисо Почозода раиси ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия таъйин шудааст.

Ҳамчунин, як манбаъ аз шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ дод, ки  Мирзо Ғоибназарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,  ки  чанде пеш ба ин вазифа таъйин гардида буд, аз вазифа озод карда шуда ба ҷойи ӯ директори мактаби 2-и ноҳияи мазкур Миракова Рухсора таъйин карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь