Чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи фаврӣ оид ба дастуру супоришҳои роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, қисман сардору мудирони раёсат ва шуъбаҳои дахлдори мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва  раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Хатлон хабар доданд.

Масъалаи асосӣ  ҷаласа ин таъғирёбии иқлим, баландшавии гармии ҳаво ва хушксоли ба шумор мерафт. Саравал муовини якуми раиси вилоят Салимзода Амонулло оид ба самти кишоварзӣ, Собирзода Мирзо сардори Раёсати бехдошти замин  обёрии вилоят оид ба таъмини об, тоза  кардани заҳбуру заҳкашҳо ва истифодаи дурусти насосҳои обкашӣ ҳисобот доданд.

Сипас, раиси вилоят суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки кишти тирамоҳиро саривақт иҷро намуда, бинобар бо омадани гармии ҳаво ва наборидани барфу борон ҳамаи насосҳои обкаширо бо барқи хушсифат таъмин ва ба кор дароварда, тамоми заминҳои киштшударо обёрӣ кунанд. Ҳамзамон, ба фаъолон дар бораи зиёд кардани кишти картошка, сиҳат нигоҳ доштани аҳолӣ ва гузаронидани  воксан, инчунин, ҷиҳати иҷрои саривақтии обуна ба нашрияву маҷаллаҳои даврӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь