Бо мақсади тақвияти сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон, дар вилояти Хатлон соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон карда шавад, изҳор дошт раиси вилоят.

Чанде пеш  дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маросими ҳавасмандсозии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш баён дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмҳояшон таъкид менамоянд: «Ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замон бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».

– Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади тақвияти сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон дар вилояти Хатлон соли 2025 – “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон карда шавад, – афзуд раиси вилоят.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамасола ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, соли равон барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо, дар маҷмӯъ 1 миллиону 572 ҳазору 875 сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 375 ҳазору 375 сомонӣ зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь