Аз ҷониби соҳибкорони ватаниву маҳаллӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ бо харҷи 6 миллиону 832 ҳазор сомонӣ роҳҳои мошингарду пулҳо аз таъмир бароварда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 569 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров ба “Фараж” хабар дод, ки дар ин давра бештар аз ҳама саҳми соҳибкорони ноҳияҳои Ёвон, Панҷ, Носири Хусрав, Кушониён, Хуросон, Вахш  ва Қубодиён назарас мебошад.

Ба иттилои ӯ аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи 6 миллиону  831 ҳазору 700 сомонӣ – таъмири роҳ бо сангфарш – 43,6 км, ба маблағи 1 млн. 237 ҳазору 700 сомонӣ, таъмири роҳ   бо асфалт 8,4 км, ба маблағи зиёда аз 4 млн сомонӣ ва таъмири пул – 10 адад ба маблағи – 1 млн. 501 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаст.

– Айни замон таъмири дигар роҳҳои харобгашта аз ҷониби соҳибкорони ватаниву маҳаллӣ дар вилояти Хатлон идома дорад, – илова кард роҳбари муассисаи мазкур.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь