Барои омодагӣ ба давраи​ тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон​ ба соҳаи маорифу тандурустӣ беш аз 15,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудаст, ки то санаи 21 августи соли ҷорӣ​ зиёда аз 8 миллиони он маблағгузорӣ шудааст.

Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки барои харидории ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ ба соҳаи маорифи вилоят​ 13​ миллиону 434 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 1 миллиону 959 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ин маблағ​ то санаи 21 августи соли ҷорӣ ба соҳаи маориф 7​ миллиону 623​ ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 931 ҳазору 150 сомонӣ равона шудааст.

Гуфта шуд, ки шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ,​ Ҳамадонӣ ва Носири Хусрав 100 дарсад​ нақшаи маблағгузорӣ ба соҳаи маорифро иҷро кардаанд.

Ҳамчунин ноҳияҳои зикршуда ва ноҳияҳои Балҷувону Муъминобод​ нақшаи маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустиро низ ба пурагӣ таъмин сохтаанд.

“Маблағгузори ба соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Шаҳритус, Данғара, Восеъ, Ховалинг,​ Кӯлоб, Панҷ, Темурмалик, Қубодиён , Кӯшониён ва Ҷайҳун​ дар сатҳи паст қарор дорад», – гуфтанд аз Сарраёсати мазкур.

Қайд гардид, ки дар умум нақшаи маблағгузорӣ ба соҳаи маориф то санаи 21-уми августи соли равон 57 дарсад ва соҳаи тандурустӣ 48 дарсадро ташкил медиҳад.

Масъулони ниҳоди мазкур талош доранд, то якуми октиябри соли 2023 пурра соҳаи маорифу тандурустиро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омода кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь