Аз 886 муассисаи соҳаи фарҳанги вилояти Хатлон 87 адади он таъмирталабу садамавӣ мебошанд, ки бештари онҳоро китобхонаҳо ташкил медиҳанд. Дар ин бора сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Ватанзода Мустафо дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфти ӯ  87 муассисаи соҳаи фарҳанг таъмирталаб, 18 ададаш садамавӣ мебошанд.  Аз онҳо  44 ададаш китобхонаҳои таъмирталаб, 7 адад садамавӣ, 37 адад клубҳо ва 6 осорхона мебошанд.

Яке аз маконҳои маъруфи таърихиву сайёҳии вилояти Хатлон, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ин теппаи Қӯрғон мебошад, ки ба гуфти масъулони шаҳри Бохтар барои бозсозии он наздики 50 миллион сомонӣ лозим аст.

Дар нишаст гуфта шуд, ки ин иншооти таърихиву сайёҳӣ бояд то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар дубора барқарор шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь