Аз вилояти Хатлон аз оғози мавсими ҷамъоварии зардолу ва олу  ба  хориҷи кишвар 360 тонна зардолу, 60 тонна олу содирот карда шудааст. Айни ҳол вазири кишоварзӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар вилояти Хатлон қарор дорад.

Аз  Агентии содироти назди ҲҶТ дар вилояти Хатлон, хабар доданд, ки ин миқдор зардолу ва олу ба  кишварҳои  Русияю Қазоқистон ва Белоруссодирот шудааст.

Тмбқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон имрӯз, 27 май раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазири кишоварзӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия хонум Анна Кузнетсова ва ҳайати ҳамроҳикунандааш мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр кард, ки вилояти Хатлон дорои иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ буда, деҳқонони асилу соҳибтаҷрибааш бо тақвияти анъанаҳои неки заминистифодабарии ниёгон тавассути омӯзиши роҳу усулҳои муосири соҳа ва меҳнати содиқонаву ҳавасмандона дар заминаи шароити мусоиди мавҷуда, сол аз сол ба натиҷаҳои дилхоҳи меҳнатӣ ноил гардида, дар баробари таъмини талаботи бозори истеъмолии мамлакат, ҳамзамон ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба дигар давлатҳои низ содирот мекунанд.

Вазири кишоварзӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия хонум Анна Кузнетсова гуфт, ҳадафи мулоқот суҳбат бо соҳибкорону деҳқонон ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба вилояти Свердловск ба шумор меравад.

Пас аз мулоқот барои огоҳии беҳтар оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ меҳмонон аз корхонаҳои саноатӣ ва заминҳои кишоварзии шаҳри Бохтар, хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои кишоварзию полезӣ, киштзорҳои сабзавот ва гармхонаҳои лимӯпарварии ноҳияи Кӯшониён дидан карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь