Аз Хатлон ба хориҷи кишвар 23,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соли 2022 ба хориҷи кишвар 23,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудаст, ки аз ин 20 ҳазор тонна таввасути нақлиёт ва ҳавопаймо, 3819 тоннаи дигар тариқи роҳи оҳан содирот карда шудаанд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоят ба кишварҳои Русия, Афғонистон, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорус содирот карда шудаанд.

Гуфта шуд, ки маҳслуоти содиротгардида асосан 6044 тонна сабзавот, аз ҷумла 4157 тонна пиёз, 330 тонна полезиҳо, 5038 тонна мевагиҳо ва лиму, 10863 тонна ангур ва 1528,3 тонна дигар маҳсулотро ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here