Дар вилояти Хатлон шаҳру ноҳияҳои беҳтарин дар соли 2023-юм муайян гардида, аз ҷониби сарвазири кишвар ва раиси вилоят қадрдонӣ гардиданд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки барои сазовор таҷлил кардани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 феврали соли 2023, №46 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ “Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дар вилояти Хатлон ба тасвиб расида, тибқи Низомномаи озмун ва дар муҳлатҳои муқарраргардида озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд.

Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмунҳо 2,6 миллион нафар фаро гирифта шуда,  1570 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи якуми озмун барои муайян намудани «Беҳтарин шаҳру ноҳия» иштирок намудаанд.

Дар озмун шаҳри Левакант ҷойи якум, шаҳри Кӯлоб ҷойи дуюм, Шаҳри Норак ҷойи сеюм ва ноҳияи Данғара ҷойи якум, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷайи дуюм ва ноҳияи Ҷайҳун ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Ҳамчунин, ғолибони шаҳраки беҳтарин, деҳаи беҳтарин, деҳоти беҳтарин,  маҳаллаи беҳтарин ва хонаи беҳтарин муайян гардида, сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар вазъияти тантанавӣ Қоҳир Расулзода ва Давлаталӣ Саид супориданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь