Имрӯз, 15-уми май, ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид вориди вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон гардид.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки раисони қисме аз шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Хатлон шомили ҳайати мазкур мебошанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Машҳад ҳайати вилояти Хатлонро муовинони устондори Хуросони Разавӣ Муҳандис Чамандӣ ва Таботабоӣ, раисони иттиҳодияҳои корофаринони ин вилоят истиқбол гирифтанд.

Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, фарҳангиву сайёҳӣ, табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, роҳандозии робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумлаи ҳадафҳои ин сафар арзёбӣ мешавад.

Дар доираи ин сафар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти устони Хуросони Разавӣ, боздид аз шаҳракҳои саноатӣ ва маконҳои кишоварзии Тӯс, Нишопур ва Сарахс, инчунин баргузории форуми тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Хатлону Хуросони Разавӣ ва гуфтугӯҳои инфиродии ширкатҳои тиҷоратии ҳар ду тараф дар шаҳри Машҳад пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки расо як сол пеш, 30 майи соли 2022, дар шаҳри Душанбе дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь