Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Рӯзи кормандони мақомоти судӣ бо иштироки муовини раиси вилоят, кормандони суд ва дигар масъулон баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ  муовини раиси вилоят Каримзода Ҷамшед, раиси суди вилоят Нуриддин Ғафорзода, муовини раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Раҳмоналӣ, намояндагони мақомоти судӣ, роҳбарон,  собиқадорони соҳа, инчунин меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории  чорабинии мазкур пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба заҳмати кормандони мақомоти судӣ дар таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва риояи қонунмандӣ унвон шуд.

Муовини  раиси вилояти Хатлон, раиси суди вилояти Хатлон Нуриддин Ғафорзода ба сухан баромаданд. Дар охир, ба як зумра кормандони пешқадами соҳа сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ва суди вилояти Хатлон  супорида шуд. Ҷамъомадро барномаи рангини консертии фарҳангиёни вилояти Хатлон шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь