Имрӯз бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоњ Сафарзода ва дигарон дар мактаби хусусии инноватсионии шаҳри Бохтар рӯзи дониш ва дарси сулҳ баргузор гашт.

Раиси вилояти Хатлон дар баромади худ аз рушду нумуи соҳаи моариф, ғамхории роҳбари давлат ба соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимї ва дигар масъалаҳо сухан гуфт.

Ҳамчунин, раиси вилоят ба 73 нафар хонандае, ки бори авал ба мактаб қадам монданд, китоби “Алифбо”  ва шириниҳо туҳфа кард.

Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар сатҳи баланд баргузор гашт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь