Дирӯз, 22 феврал, дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар толор беш аз 700 нафар афсарону аскарони шуҷоъ, собиқадорони Вазорати мудофиа, ҷанговарони башардӯст, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида ҳузур доштанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии табрикии худ қайд кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолӣ буда, неру, қудрату тавоноии он ба як ниҳоди пуриқтидори муосири замонавӣ табдил ёфтааст ва имрӯз пурра ҳимояи марзу буми меҳани аждодиро ба дӯши худ гирифтааст.

Ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Раиси вилоят ёдовар шудан аз таърихи 29-солаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро барои насли имрӯзу оянда пураҳамият арзёбӣ кард, зеро дар тӯли солҳо ин ниҳоди мудофиавии кишвар пурра бо биноҳои ҳарбӣ, пойгоҳи моддию техникӣ, кадрҳои ихтисосманду содиқ ба ватану миллат таъмин гардида, шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсиро паси сар кардааст.

Дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ватандӯсту худшинос, ҷасуру ҷонфидо ва ҷисману рӯҳан обутобёфта хизмати Ватанро ба ҷо меоранд.

– Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарории сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони кишвар ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд, – афзуд раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо пуштибонӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар дастгирии қисмҳои низомии ҳудуди вилоятро яке аз самтҳои фаъолияти худ дониста, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои фароҳам овардани шароити мусоид чораандешӣ мекунад.

Пас аз сухани шодбошии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода маросими тақдими Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба як қатор кормандони комиссариатҳои ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд.

Қурбон Ҳакимзода саҳми арзандаи ҳар собиқадори хизмати ҳарбиро дар баланд бардоштани обрӯю нуфузи Қувваҳои мусаллаҳ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон таъкид карда, дар вазъи тантанавӣ мукофотҳоро ба соҳибонашон супорид.

Инчунин ба 10 нафар оилаи хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида, 11 нафар хизматчии ҳарбии ҷароҳатбардошта, 6 нафар барқароркунандагони сохти конститутсионӣ аз ҳисоби фонди захиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кумакҳои молиявӣ расонида шуд.

Раиси вилоят ба ҳамаи афсарону аскарон дар иҷрои хизмати ҳарбӣ, ки масъулияти бузург ба ҳисоб меравад, иродаи қавӣ, ҷасурӣ, тансиҳативу хушбахтӣ ва барори кор орзу кард.

Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барномаи рангини ҳунарии аҳли санъати вилояти Хатлон зебу зинат бахшид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь