Рухсатпулии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон то имрӯз беш аз 60 дарсад пардохт шудааст.
Аз Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки рухсатпулии омӯзгорон дар вилояти Хатлон 219,8 миллиону сомониро ташкил медод, ки аз ин маблағ то имрӯз 132 миллион сомониаш пардохт карда шуд, ки ин 60 дарсадро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар байни 25 шаҳру ноҳия танҳо 8 шаҳру ноҳия пурра рухсатпулии омӯзгоронро пардохт кардаанд.
Рухсатпулии омӯзгорон рӯзҳои наздик пурра пардохт хоҳад шуд, илова карданд аз Сарраёсати мазкур.
Блоки рекламавӣ