Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми як солу се моҳ аз ҳисоби ҳама сарчашмашои маблағгузорӣ  бо харҷи зиёда аз  215 миллион сомонӣ роҳу пулҳои мошингузар таъмиру босозӣ шуда, ҳоло таъмир дар баъзе роҳҳо идома дорад.

Дар миқёси вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ  дар умум ба масофаи 450 километр роҳҳо ба маблағи умумии 24,1 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудаанд, хабар доданд аз МИҲД-и вилоят.

Гуфта шуд, ки соли 2023-юм дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 191,3 миллион сомонӣ дар 3089 км роҳҳо корҳои таъмиру азнавсозӣ, аз чумла таъмири асосӣ 252,4 км, таъмири чорӣ 2391,2 км роҳҳо ва 189 адад пулу қубурҳо, инчунин сангфаршкунии роҳҳо дар 445,4 км. гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 34,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкорон таъмири асосии 233,2 км роҳ, таъмири ҷории 24,4 км рох, 74 адад пулу кубур ва сангфаршкунии 414,4 км роҳҳо ҳамагӣ ба маблағи 155,8 миллион  сомонӣ иҷро гардидааст. Ҳоло таъмири роҳу пулҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь