Соли гузашта нисбати раисони кумитаҳои идораҳои замини ноҳияҳои Дӯстӣ Назарзода Авазалӣ ва Носири Хусрав Сафарзода Алихон аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон  Пирзода Диловаршо дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Дӯстӣ Назарзода Авазалӣ барои даст задан ба  амалҳои коррупсионӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ҳамчунин, номбурда илова кард, ки нисбати  раиис Кумитаи идораи замини ноҳияи Носири Хусрав Сафарзода Алихон барои  пешниҳод кардани парвандани ғайриқонунии қитъаи замин барои сохтмони манзили зист парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт низ идома дорад.

Гуфта шуд, ки ҳарду  раиси кумитаҳои идораҳои замин барои  амалҳои содиркардаашон  аз мансаб озод карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь